ифоданок — [افادناک] маҷ. маънидорона, ба таври таъсирбахш, бо ҳиссиёт ва пурмазмун; ри таъсирбахш, бо ҳиссиёт ва пурмазмун; хониши ифоданок тарзи хондани матн бо риояи маъно, мазмун ва оҳанги калом … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баландмазмун — [بلن د مضمون] дорои мазмуни баланд, пурмазмун … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бамаънӣ — [بمعني] 1. маънидор, пурмазмун; оқилона: суханони бамаънӣ 2. баақл, ба одоб, ботамкин … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гуҳар — [گهر] ниг. гавҳар; тавқи гуҳар шаддаи марворид ◊ гуҳар боридани абр боридани борони пурфайз; аз сухан ганҷу гуҳар рехтан хеле ширин ва пурмазмун будани сухани касе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нукта — [نکته] 1. масъалаи нозук 2. мазмуни дақиқ 3. сухани пӯшида, каломи рамзнок; донандаи нуктаҳои борик донандаи суханҳои пурмазмун ва таъсирбахш, суханвари борикфаҳм, нозукадо 4. ҷиҳати муҳими ягон масъала; ҳарфи муҳим, гапи зарур … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пурмағз — [پرمغز] 1. мағздор (оид ба мева) 2. маҷ. пурмазмун, асоснок, пурра … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пурмаънӣ — [پرمعني] пурмазмун, дорои мазмуни амиқ, амиқмазмун: сухани пурмаънӣ, фикри пурмаънӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пурмӯҳтаво — [پرمحتوا] пурмазмун, фарогири мазмуни зиёд; дарбаргирандаи мӯҳтавои бисёр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ